ВАХШ. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш ҷиҳати дуруст интихоб намудани касб ва ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ бо ҷавонони маҳаллаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти Кирови ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Худойдод Ёров иброз дошт, ки ҷавонон дар интихоби касб бояд бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазирии касбӣ ояндаи худро интихоб намоянд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба ҷавонони имрӯза зиёд имтиёзу шароитҳои беҳтару бештар барои таҳсилу илмомӯзӣ муҳайё гардида, танҳо аз ҷавонон ҷӯёи илм будан, завқу рағбат ба он, китобхонии бештар, забономӯзиву азхудкунии технологияҳои итиллотии муосир, кӯшишу ғайрат ва ҷасорат, умуман ҳадафи соҳиб тахассус шудан талаб карда мешавад.