БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо - ҷавонон бояд ҳомии манфиатҳои милливу давлатии худ бошем!

БОХТАР. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр» вохӯрии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии  ҲХДТ иштирок карда, вобаста ба мавзӯъҳои нақши ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани саводнокӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромад намуда, иброз доштанд, ки мо ҷавонон бояд ҳомии манфиатҳои милливу давлатии худ бошем. Нагузорем, ки хоинони миллату давлат номи Тоҷикистони азизро дар хориҷа паст зананд.  Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки бар зидди хатарҳои замони муосир, ки ҷомеаи имрӯзаро таҳдид карда истодааст,  муборизаи беамон барем ва  аз як гиребон сар барорему  хоким муқаддаси хешро бо ҷону дил ҳифз кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg