Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Деҳаи обод симои сокинони бомаърифати онро инъикос мекунад!

Ҷ.БАЛХӢ. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёси ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Ҳақиқат”-и ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯри мудири шўъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола иштирок дошта оид ба фаъолгардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар суханрони намуд.

Дар анҷоми вохӯри дар назди ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Ҳақиқат Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки фаъолону аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ номбурда дар боғчаи навбунёди назди ташкилоти ибтидоӣ 25 адад дарахтони мевадиҳанда шинониданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg