БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо ҲХДТ ба сӯи зиндагии осудаю обод ва шоиста

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи якуми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор гардид. Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев доир ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, зикр кард, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва ба ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бояд муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем. Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 милиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба нарм кардани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкани назди муассиса машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg