БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ – муаррифгари миллат

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ба ҳар тоҷику тоҷикистонии дорои худогоҳию худшиносии миллӣ маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат гувоҳи онанд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар қалби хеш фарҳанги асил ва тамаддуни бузурги ногусастании миллати тоҷикро дар мадди аввал ниҳодааст. Ҳамин аст, ки дар суханрониҳояшон пайваста ба мардум чӣ дар оинаи нилгун, чӣ аз наздик аз минбарҳои баланди хираду заковат перомуни ин андеша суханронӣ намуда мегӯяд: «Агар душманон хоҳан як давлатро нобуд созанд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд месозанд».

Вақтҳои охир ҷавонони кишвар, алалхусус ҷавонони ноҳияи мо тарзи омода намудану пӯшидани сару либоси миллии хешро ба рафтору кирдори ғарбиён шабоҳат медиҳанд, ки ин барои мардуми мо лоиқ дониста намешавад. Агар ба таърих ва тамаддуни пурғановати миллати фарҳангдӯсти тоҷик назар афканем, ба самти муқобил ҳаракат карданамонро эҳсос менамоем. Ҳол он, ки хоси зани тоҷик дастмона, гӯшвора, гарданбанд, кокулҳои дарози сунъӣ ва сару либосҳои аз матоъҳои пахтагину абрешимин марбут ба либосҳои миллии тоҷикӣ, хусусан карбосу алоча, атласу адрас ва чакану либосҳои хоси мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардон тибқи гувоҳии таърихи пурғановати миллати тоҷик бояд шиму пиҷак ва ҷомаю тоқиҳои сирф тоҷикӣ ба бар намоянд. 

Дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таъмини аҳолии ноҳия ба сару либосҳои миллии хуштарҳу замонавии мувофиқ ба фарҳанги миллии мардуми тоҷик корхонаҳои хусусӣ таҳти роҳбарии соҳибкорон фаъолият доранд, аммо барои расонидани хизмат ба сатҳи аъло ба шароиту имконияти ниҳоят сусти иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Дар сатҳи ноҳия корхонаҳои хурду бузурги атласу адрасбофӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ниҳоят кам фаъолият менамоянд.

Дар Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Ҷайҳун курси омӯзиши атласу адрасбофӣ таъсис дода шуд, ки моҳи январи соли 2017 дар кушодашавии маркази нави омӯзишии адрасбофӣ муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода, сарвари Литсей Сомонзода Давлатb ва дигарон иштирок доштанд. Меҳмонон аз ин маркази омузишии адрасбофӣ аз наздик дидан карда, ба навшогирдон дуои хайру ҳунари бофандагиро насиб донистанд.

Бо навшогирдони навомӯз устоди бофанда аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Қумринисо Ваҳҳобова,-аз маркази касбомӯзии истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддиновнаи шаҳри Хуҷанд даъват шуда буд. Ӯ тарзи ҷо ба ҷо гузоштани риштаи ранга ва дар вақти ҳаракат додани дастгоҳ, диққат додан ба равиши қатораи ришта дар вақти бофтан ва ҳаракати дасту по дар кор фармудани дастгоҳро омӯзонад. Дар омӯзиши дастгоҳи атласу адрасбофӣ зиёда аз 100 нафар ҷавондухтарон шомил шуданданд. Онҳо ба як завқу рағбати хоса аз устоди худ Қ. Ваҳҳобова тарзу усули бофандагии дастиро дар дастгоҳи дастӣ омӯхтанд. Мутаассифона, имрӯз дастгоҳи адрасу атласбофии ба маблағи калон ҷиҳозонидашудаи Муассисаи давлатии «Литсейи касбӣ-техникӣ»-и ноҳия бо сабабҳои ба мо номаълум фаъолият надорад.

Дар коргоҳи дӯзандагии «Чилдухтарон», ки соли 2016 дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо дастгирии молиявии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Аминзода Фотеҳ Файзулло дар доираи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» бо тамоми шароиту имконоти мавҷуда сохта ба истифода дода шуд, дар сатҳи ноҳия пешсаф мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки коргоҳи дӯзандагии «Чилдухтарон» таҳти роҳбарии соҳибкори инфиродии соҳибтаҷриба Матлуба Бердиева қарор дорад, то кунун дар зиёда аз 100 нафар духтаронро ба шогирдӣ қабул намуда, аз дӯхтани либосҳои миллиро дар шаклҳои муосир омӯзонидааст. Ҳамчунин, дар коргоҳ 10 нафар духтарони фаъоли деҳотро ба кори дӯхтани либосҳои миллии атласу адрас, чакану алоча ва бофтани матоҳои пахтагин ҷалб намудааст, ки намунаи ибрат аст.

Дар сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҶДММ Иттиҳоди Аграрии «Водии зарин» роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Чилдухтарон» Матлуба  Бердиева ва ТҶ «Моҳи мунир» таҳти роҳбарии Зиёдамоҳ Ашӯрова тамоми навъи ороишот: аз қабили дастмона, гӯшвора, гарданбанд, кокулҳои дарози сунъӣ ва сару либосҳои миллиро, ки аз матоъҳои пахтагини марбут ба либосҳои карбосу алоча, атласу адрас ва чакану либосҳои хоси мардуми куҳанбунёди тоҷиконро ба намоиш гузошт, ки бинандаро дар ҳайрат гузошт. З-ин сабаб мебояд маҳсулотҳои дастранҷи кормандони коргоҳи дӯзандагии «Чилдухтарон»-ро бештар ба маърази сайёҳон расонид. Зеро ин раванд солҳои охир вусъат ёфта дар баробари арзишҳои маънавӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ аз марзи як кишвар фаротар рафта, мавриди истифодаи умум қарор гирифта истодааст. Ба ин хотир, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат расму оинҳои мардумӣ ба танзим дароварда шуда, беҳтарин анъанаву суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардидаанд. Давоми ду даҳсолаи охир ҳунарҳои мардумӣ аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кашидадӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ табақу қошуқтарошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ ва дигар суннатҳои миллии қадима ба тарзу услуби нав эҳё шуданд. Ҳоло намунаҳои онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар аз воситаҳои беҳтарини мусоидат ба инкишофи маънавии ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи зиндагӣ ба шумор мераванд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёмашон соҳибкорони инфиродие, ки ба дӯхтану бофтан ва фурӯши либосҳои миллии болозикр машғуланд ба пуррагӣ аз пардохти ҳама гуна андоз озод намуданд.

Коргоҳҳои дӯзандагию ресандагӣ ва занону бонувони ҳунарманди ноҳияро месазад, ки соли 2018 -«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро самаранок истифода бурда, дар соли 2018 тариқи зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кашидадӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ табақу қошуқтарошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, атласбофӣ ва дигар суннатҳои миллии қадимаи мардуми тоҷик ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро бо либосҳои миллии аълосифат дар арсаи байналмилаӣ муаррифӣ намоянд.

Касбу ҳунар ҳар як фардро дар ҷомеа сарбаланду соҳибэҳтиром мекунад. Инсон аз касби омӯхтааш худ ва оилаашро ҳам мехӯронад ва ҳам мепушонад. Барои ин ҳар кас бо аз бар намудани касбу ҳунар, сабру таҳаммул, ғайрат ва муҳаббат ба устод дошта бошад, дар муддати кӯтоҳ соҳибкасб шуда метавонад. Тавре ба назар мерасад, бархе занони фаъоли Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар хонаҳои истиқоматии худ чанд навъи либосҳои бофташуда ва ҷиҳози арӯсӣ: кӯрпаю кӯрпача ва чолбанду дигар навъи ороишти арӯсӣ омода намуда, ба маърази харидорон пешкаш месозанд, ки ҳама моли аълосифати дорои рангу бори диққатҷалбкунанда буда, харидорони зиёд доранд. Хусусан ҳунарманди боистеъдоди касби дӯзандагӣ Рушанбӣ Раҳимова-бошандаи деҳаи ба номи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти «Панҷ» бо ибтикори Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар дар хонаи истиқоматии хеш ба таври ройгон ба ҷавондухтарони маҳаллии хонанишини бешуғл касби дӯзандагиро меомӯзонад. Р. Раҳимова 30 нафар ҷавонони бешуғлро дар хонааш тамоми шароитро муҳайё намуда, як сехи дузандагӣ кушода, ба шогирдон дӯхтани куртаю пиҷам, поҷома, курпаю болишт ва ғайраро меомӯзонад.

-Мо аз мизоҷон супоришҳоро қабул мекунем,-мегӯяд мураббии чевардухтарон апаи Рушанбӣ Раҳимова,-аз ҷумла дӯхтани курпаю курпача, болишт, рӯҷо, либосҳои тӯйёнаи арӯсӣ ва ғайраро тайёр мекунем. Ҳаққи муздамонро ба харидани ришта, либос мокуи мошина, пардохти истифодаи барқ ва дигар чизҳои лозимаи корӣ сарф мекунем. Ӯ мегуяд кӯшиши ман ин аст, ки ҳунарҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик дар тамоми сайёра шинохта шавад ва ҳамин духтарҳои бешуғли деҳа чевари хуб шаванду аз касби омӯхтаашон як бурда нон ёфта хӯранду дастнигари дигарон нашаванд.

Мақсаду мароми Пешвои миллат ин аст, ки либоси миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик дар тамоми сайёра шинохта шавад. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ироа намуданд:

-«Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Хотирнишон месозам, ки такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат самти муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳали муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад».

Шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро месазад, ки тариқи озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Ҷилваи ҳусн», «Маликаи сол», «Арӯси сол» ва дигар намоишҳо либосҳои миллиро тарранум намоянд. Бояд гуфт, ки ҳар як озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ бо умеди эҳё намудани ин ё он рукни фарҳанги мероси ниёгон ва расму оини миллати тамаддунофар дар назар дошта мешавад.

Мо худ медонем, ки фарҳанг волотарин дастоварди аҳли башар буда, дар давраи фаъолият, кору рӯзгор, суннату анъанот мақому манзалати ҳар як миллатро муайян сохта, мартабаи давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, бо арҷгузориҳо ба фарҳанги беш аз 5 ҳазорсолаи миллат пайваста таъкид ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъаноти миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа дорад. Мутаассифона, бархе аз занону духтарони ноҳияи мо ба ҷойи муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс ба таблиғу ташвиқи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар мебошад.

Эҳсоси ифтихори миллӣ ба ҳар як шаҳрванд бағоят муҳим буда, то дар ҷомеа ҳарчӣ бештар либосҳои миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро ба дигарон тарғиб диҳад. Аз мушоҳидаҳо айён мегардад, ки қисмате аз занону духтарони мо то ҳол тафовути байни либоси миллии хеш ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ гузошта наметавонанд. Пас моро лозим меояд, ки барои аз даст нарафтани фарҳанги либоспӯшӣ ҳарчӣ бештар либосҳои миллии хешро ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ ҳаматарафа байни мардум тарранум намоем.

Фарҳод Обидов, мудири Шeъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg