
ФАРХОР. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимни баромад Раҳмонов Далер оид ба сафарбар намудани сокинон ба сарфаву сариштакорӣ дар маъракаҳои азодорӣ, пешгирӣаз зиёдаравиву хурофотпарастӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо инҳо суханронӣ намуд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни чорабини тақвимҳои кисагӣ бо акси Пешвои миллат дастрас карда шуд.