Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Истиқлолият ва ваҳдату ягонагиро аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифз менамоем!

КӮЛОБ. БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” оид ба хатарзо будани терроризму экстремизм ба истиқлолияти комили давлатӣ мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” Абдулҳақов Саймусавир иштирок ва баромад намуданд.

Дар мулоқот аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки дар замони муосир инсоният ба хатари ҷиддие ба мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад.

Инчунин, ёдовар гардид, ки дар солҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири душманони миллат мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар навбати худ дигар иштирокдорон баромад намуда, гуфтанд, ки баргузории чунин вохӯриҳо масъулияти моро дучанд намуда, водор месозад, ки беҳтарин неъмат, яъне соҳибистиқлолии давлатамонро аз таҳдиду хатарҳои дохиву беруна содиқона ҳифз карда, барои пордории сулҳу субот ҷаҳду талош намоем.

Дар фарҷоми чорабинӣ зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” беш 100 бех гулу гулбуттаҳо ва дарахтони мевадиҳанда дар назди ташкилоти ибтидоӣ шинонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg