Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Тоҷик миллати созанда аст!

ЁВОН. БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии «Созандагон» ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба  истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки аҳолии деҳаи Навкорами ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, дар он  атрофи варзишгоҳи деҳа тозаву озода карда шуда, ба ин васила дар он ҷо  зиёда аз 185 адад дарахтони гуногун шинонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби соҳибкорон ва ҷавонони деҳаи Навкорам барои сохтмони як адад толори варзишии замонавӣ санги асос гузошта шуда, таҳкурсии бино бунёд карда шуд. Ҷавонони деҳаи мазкур дар нақша доранд, ки толори варзиширо дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳанд.

Имрeз мардуми деҳаи Навкорам сиёсати созанда ва бунёдкорионаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳали худро ободу зебо менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg