
Ё худ хуруҷи касалии чаправии гуруҳи “Ҳамеша ва аз ҳама чиз норозӣ”
Фейкҳо, фейкҳо, фейкҳо...
Онҳо кистанд аз куҷо пайдо шуданд ва чӣ мехоҳанд?! Фейкҳо аслан ҳамон корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбуканд, ки ному насабу шахсияти аслиашон пушида буда, бо номҳои мустаор аз имкониятҳои ин шабака истифода мебаранд ва дар маҷмуъ ҳеҷ масъулияте дар баробари навиштаҳои худ надоранд. Солҳои аввали фаъолтар шудани шабакаи фейсбук дар Тоҷикистон ва зиёд шудани корбаронаш наҳзатиёни террорист як гурӯҳи муайянеро махсус бо номҳои мустаор бар зидди давлату ҳукумат шуронида буданд ва мехостанд аз ин роҳ миёни мардум ихтилоф ангехта, дар пасманзари инқилобҳои харобкоронаи Мисру Сурия ба қавли худашон “инқилоби фейсбукӣ” ташкил намоянд. Аз равиши корашон маълум буд, ки вазифаи асосиашон аз он иборат аст, ки бо лаҳни тунду таҳқиромез ба ҳар як иқдоми созандаи давлату Ҳукумат “ҷавоб” диҳанд ва онҳоро зери суол баранд. Аз ин рӯ, ин фейкҳо баъдан ном бароварданд ба “Фабрикаи ҷавоб”, ки Салимпур “Фермаи ҷавоб” мегӯяд (бояд дар ҳама ҳол худашро “вижа” нишон диҳад). Ҳамин тавр аввалин аъзои “Фабрика (ё Ферма)-и ҷавоб худи Кабирии наҳзатӣ ва Салимпуру якчанд нафари ба қавли худашон “дигарандеш” буданд. Масалан, наҳзатиҳои хоину аъзои гурӯҳи 24 нафар раҳгумзада ҳар кадоме на кам аз панҷ фейкӣ доштанду доранд, ки корашон фақат таҳқиру ҳақорати тарафест, ки бо онҳо ҳамфикр намебошад. Ҳамин ҳоло худи Кабирӣ бо се фейк ва Мирзои Салимпур бо ду фейк дар шабакаҳои иҷтимоӣ худашонро “дастгирӣ” ва тарафи муқобилро таҳқиру ҳақорат менамоянд. Баъзан Салимпур аз саргармии зиёд фаромуш карда, ба гумони он, ки аз фейкаш навишта истодааст, бо номи аслиаш тарафро ҳақоратборон мекунад ва чун ба худ меояд зуд навиштаҳояшро пок месозад.
Ҳамин тавр, фейксозӣ муд шуду ҳама ба хотири “роҳаттар” иштирок кардан дар баҳсҳои фейсбукӣ фейкҳои худро сохтанд ва на яктову дуто. Чун ҳама дар баробари номи аслӣ фейк ҳам кушод, табиист, ки оҳиста-оҳиста мавқеи фейкҳои наҳзатӣ танг карда шуд, зеро бо ин хоинон одамони солимақл ҳамфикр шуда наметавонанд ва бешубҳа дар баробари дашному тавҳинҳоашон аз усули худи онҳо кор мегиранд. Солҳои охир ин раванд наҳзатиёну дигар хоинони замоне дар майдони фейкӣ “яккатоз”-ро асабӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки онҳо чун мавқеи “фаъол”-ашонро аз даст доданд, ҳамон тамғаҳои “Фабрикаву фермаи ҷавоб”-ро, ки амалан ба худашон тааллуқ дорад, ба нафароне мечаспонанд, ки ба ҳақоратҳояшон бо ҳақорат посух медиҳанд. Хулоса, “Фермаи ҷавоб” аслан наҳзатиҳои хоин ва муздоронашон ба монанди Салимпур мебошанд.
Фермаи Салимпур ва гусоланомаи нашркардааш
“Дод аз дасти фейкҳо!”, “Дод аз дасти фермаҳо!”, “Дод аз дасти корхонаҳо!”, “Дод аз дасти фабрикаҳо!”, “Дод аз дасти занҳо!”, “Дод аз дасти мардҳо!”, “Дод аз дасти инҳо!”, “Дод аз дасти онҳо!”, “Дод аз дасти ҳама чизу ҳама кас!”. Ин доду вовайлои Мирзои Салимпурро ҳамарӯза аз саҳифаҳои иҷтимоиву сомонааш пайдо кардан мумкин аст! Ба ин доду фиғони “ҷигарсӯз”-и Салимпур аллакай ҳама одат кардаанд (шиносҳои наздикаш мисли Додоҷон ҳатто солҳо пеш) ва ин раванди беохири бечоранолиро ҳамчун нолишҳои як шахси бемор қабул намудаанд! Ин касалии “Бечораноливу норизоятӣ аз ҳама касу ҳама чиз” хоси кулли наҳзатиён аст, ки дар ин росто Салимпур дигар барои онҳо бегона нест. Воқеан раванди аз ҳама чиз норизо будан ин як бемории наҳс аст, ки Мирзои Салимпур ва ӯ баринҳоро ба як шахси машкук, ноустувор ва барои ҷомеа зарарнок табдил додааст!
Мисол бигирем, ҳамин доду вояш нисбати фейкҳову фабрикаҳо. Дар як гузоришаш иддао мекунад, ки аз дохили “ферма”-и хаёлиаш кадом як шахси (он ҳам хаёлӣ) мактуби ҷаълие навиштааст, ки гӯиё се моҳ дар кадом як “Фермаи ҷавоб” дар Душанбе кор кардаасту фаъолони он (манзур фейкҳои фейсбук) гӯиё ҳамаи кормандони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бошанд. Аҷиб ин нест! Ин тоифаи пурру чунин туҳматҳоро борҳо нисбати ин ҳизби бонуфуз раво дидаанд. Аҷобаташ ин ҷост, ки муаллифи маводи сомонаи Салимпур худ ФЕЙК (!!!) аст бо исми Куруши Кабир (ҳайфи номи он бузургвор, ки як ҷоҳил ба сифати фейк истифодааш кардааст). Дигар маълум нест, ки ин номаро воқеан ягон нафар аз Душанбе навиштааст, ё кадом як наҳзатие чунин бозии ифлосро ташкил намудааст, ё худи Салимпур онро ба хотири ҳангомасозӣ иншо карда, бо исми фейкӣ дар сомонаву фейсбук гузоштааст. Ҳамаи ин се омил дар якҷоягӣ буданаш ҳам мумкин, аммо ба ҳар сурат гуфтаҳояш нисбати ҲХДТ туҳмати рӯйрост ва бешармона аст! Зеро ҲХДТ ҳамчун нерӯи тавонои сиёсӣ дар кори таблиғотиаш ба фейкҳо ва кадом як фабрикаву ферма тамоман эҳтиёҷ надорад. Агар Салимпур мисли наҳзатиҳо гирифтори бемории “Бечоранолӣ” намебуд ва ба таҳқиқ ба сомонаҳои ҳизбӣ ва гурӯҳу саҳифаҳои Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар фейсбук назар меандохт, медид, ки фаъолон ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба ҳодисаву воқеаҳои ҷомеаи кишвару ҷаҳон бо номҳои воқеии худ ва ҳатто бо суратҳои худ андешаҳои созанда ва нисбати иғвову дасисаҳои хоинони давлату миллат вокунишҳои дандоншиканро пешниҳоди хонандагон мекунанд.
Ба ҳар сурат “Фермаи Салимпур” ва гусоланомаи нашркардааш чизе ҷуз аз бадномӣ барои худи Салимпур намедиҳад. Гузашта аз ин, Мирзои Салимпур худро кӣ меҳисобад, ки ҲХДТ зидди ӯ ба таври ҷудогона муборизаи иттилоотӣ барад ва он ҳам бо истифода аз фейкҳо?!
Гоҳ дар оғуши ин, гоҳ дар оғуши он...
Мирзои Салимпур ҳарчанд кӯшиш мекунад худро мустақил нишон диҳад, аммо аз хоҷаҳояш баъзан супоришҳое мегирад, ки иҷрояшон боиси қисман фош шуданаш мегардад. Аз равиши фаъолияташ маълум шудааст, ки Салимпур ба клуби “Фоҳишаҳои сиёсӣ”-и наҳзатиён (ин як ибора дар илми сиёсатшиносӣ аст, ки нисбати “сиёсатмадор”-они хоину ватанфурӯш гуфта мешавад) алоқаи бевосита дошта ба таври ғайрирасмӣ узви он мебошад. Ӯ ва чанд “ҳамсафараш” ҳамзамон ҷонибдори аршади маъракаи ҷанги васеъи иттилоотӣ бар зидди Тоҷикистон буда, ба хоҷагони манфиатдор муфид будани худро дар ин “ҷанги сард” собит кардан мехоҳад. Ин фоҳишаҳои сиёсӣ солҳои навадум худро дар оғуши афғонҳову охундҳои эронӣ андохта буданд. Ҳоло чун диданд, ки дар Афғонистон дигар он фурсат нест, оғуши Эрону Туркия ҳам бо назардошти мушкилоташон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбаташон сард шудааст, худро ба оғуши “демократия”-и аврупоӣ андохтаанд. Ҳатто ба хотири нишон додани садоқаташон ба демократияи аврупоӣ наҳзатиён намояндагони ришдорашонро либоси занона пушонида ба гейпарадҳо мефиристанду, Мирзои Салимпур онҳоро дар сомонааш тарғиб мекунад. Бубинед, чи қадар пастӣ, разолат ва бенангӣ! Ин ҳам як сӯ. Қаламу забони Мирзои Салимпур ва сомонааш, ки аз оғоз ба наҳзатиён тааллуқ дошт, ин нафар боз шарм накарда сомонаи худро минбари озод унвон мекунад. Дар умум бошад, Салимпур ҳар хел мактубҳову гузоришҳои ҷаъливу сохта ва ғайрикасбӣ ташкил ва нашр карда, дар маҷмуъ ба кури худу бинои дигарон табдил ёфтааст. Барои чунин фоҳишаҳои сиёсӣ дигар оғуши модар-Ватан ҳаром аст.
Фитнаҳои сиёсӣ ба хотири баромадан аз буҳрони молиявӣ
Бархе шояд суол диҳанд, ки Салимпур чун худро журналисти ҳирфаӣ меҳисобад, чаро ба кори худ машғул несту гоҳ дар ҳар хел фитнаву дасисаҳои наҳзатиён худро омехта месозаду гоҳ аз худаш ҳангомае “эҷод” мекунад, ки ҳар чи бештар сару садоҳо нисбати шахси худи ӯ ба бор оянд?! Якум, Салимпур дигар журналисти ҳирфаӣ нест ва аллакай дар доми анкабути наҳзатиҳо афтода касбияташро қурбони манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ кард. Дуюм, Салимпурро эҳсоси худпарастии аз ҳад зиёдаш аз роҳи касбият берун сохт. Сеюм, баҳси доманадораш бо як ва баҳси “миёндавриаш” бо як зани дигари маълум обрӯи мардонагиашро аз байн бурд ва дигар чизе барои аз даст додан надорад. Чорум, баъзан ҳангомаҳои бепояаш дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ собит сохт, ки Салимпур дар ояндаи наздик буҳрони шадиди молиявиро дар зиндагӣ ва кори сомонааш эҳсос кардааст.
Масъалаи чорум барои Салимпур хеле муҳим аст. Ӯ ба хотири баромадан аз ин буҳрон ва ҳамчун “ҷабрдида” маблағҳои бештаре дар лоиҳаҳояш ҷалб кардан, аз маблағҳои лоиҳавие, ки хоҷагони хориҷӣ ба наҳзатиён медиҳанд, бахшеро аз худ кардан ва ба даст овардани имтиёзҳои бештар худро қасдан дар пешорӯи вокунишҳои шадиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хоса ҲХДТ қарор дода истодааст. Зеро медонад, ки агар ин маблағҳоро ба даст наорад, наметавонад зархаридонашро аз Тоҷикистон (мо аксари онҳоро мешиносем) ба “гонорар”-и ҳаромаш таъмин кунад. Дар идома маҷбур мешавад сомонаашро бандаду “обрӯ”-и хаёлиашро аз даст диҳад. Яке аз роҳҳои “бообрӯ” бастани сомонааш ин дубора баргаштан ба кор дар радёи “Озодӣ” буд, ки нашуд. Роҳи дуюм ҳамин ҳангомасозиҳояш барои ба даст овардани маблағ ва наҷоти сомонааш аст, ки оқибат ин бори каҷаш ҳам ба манзил нахоҳад расид.
Ба ҷойи хулоса
Ватани соҳибистиқлоламон таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Барномаи фарогири Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилаи навбатии рушду пешрафт – саноаткунонии босуръат ворид гардидааст, ки ин омил аз як ҷиҳат пояҳои Истиқлолияти давлатиро мустаҳкам кунад, аз тарафи дигар барои бадхоҳони миллати тоҷик мояи рашку ҳасудист. Аз ин рӯ он бадхоҳон аз “нерӯ”-и ҳар як хоину ватанфуруш мисли гови ҷӯшо то охирин қатра истифода карда, Салимпуру Кабириву мисли онҳо шахсони калавандаи дар баробари пулу ваъдаҳои хоҷагон ба қавле говгаштаҳоро маҷбур месозанд дар фермаҳои худ ҳар чи зиёдтар гусолаҳои дигарро тавлид кунанд. Мо аз ин ватанфурӯшон боке надорем, зеро онҳо бо ин ҳама хиёнат аллакай ба мурдаи сиёсӣ табдил ёфтаанд, ки аз партовгоҳҳои Аврупо бӯи ғализашон дар шакли туҳмату таҳқир гоҳ-гоҳе боиси нороҳатиҳо мешавад. Маводи мазкурро бошад ба хотири фош кардани ҳадафҳои нопоки хоинони миллат ба нашр расонидем, то бо дарки ин маънӣ ҷавонони камтаҷриба ба доми наҳзатиёни хоину Салимпур барин фитнагарҳо наафтанд.
Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Орзу ҲАМИДИЁН