
ВОКУНИШ. Дар тӯли таърих тоҷикон фарҳанг офарид, имрӯз фарҳангафрӯз асту боз хоҳад офарид, башардӯст аст ӯ ва чунин хоҳад монд. Ин амри таъриху тақдир аст. Садое аз қаъри таърих то кунун танинандоз аст, ки тоҷик аз сухан парварида шуду сухандон аст. Чун худ сухан хоси инсон аст. Чӣ кулфату офатҳое наомад ба сари тоҷик вале ӯ на юнонӣ шуду на араб ва на муғул. Бо ин ҳама тазйиқу фишорҳо худро аз даст надод тоҷик монд ҳасту ва то абад хоҳад монд. Инчунин ононе, ки хостанд тоҷикро маҳв намоянд худ аз фарҳангу илми тоҷик бархурдор шуданд ва дарк намуданд, ки тоҷик бо фарҳангу илмдӯстии худ шикастнопазир аст ва онҳо фарҳангу дониши тоҷикро қабул карданд.
Рӯзи 18 июни соли гузашта навореро бо номи « Решаҳои ноаён» аз шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» тамошо кардаму сахт ба андеша рафтам. Чаро бо вуҷуди чунин шуҳрати таърихӣ доштани мо ашхосе байни мо низ ҳастанд, ки ба хоку хуну ирсу ҳастии худ хиёнат мекунанд?
Вале сад афсӯс, ки ба гуфтаи ҳазрати Њофиз:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Кӣ бо ман ҳар чӣ кард он ошно кард.
Афроде, ки худро тоҷик мегӯяду бо роҳнамоии хоҷагони аҷнабӣ ба решаи тоҷик аз дохил табар задан мехоҳад, онҳо аслан одамони раҳмгумзадаанд, ки аз таърих огоҳӣ надоранд, ба қадру қиммати одамӣ баҳо дода наметавонанд ва ба пули пучаке виҷдони худро ба хориҷиёни бадкина мефурӯшанд. Оқибатҳои чунин рафтори хоинонаро дар ибтидои соли 1990 Тоҷикистони азизи мо аз сар гузаронид. Њар боре, ки ибораи «Ҷанги шаҳрвандӣ»-ро мешунавам суханони Маликушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ беихтиёр ба хотир меояд:
Эй дареғо, ки хирадмандро бошад фарзанду хирадманд не, дониш дораду андар хирад падар ҳосили мерос ба фарзанд не.
Оре, ҳарчанд соҳибхираду бофарҳанг будани мо афроде низ байни мо ҳастанд, гарчи ночиз ҳам бошанд фирефтаи душманони миллати тоҷик шуда, мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ба рушди босуботи Тоҷикистон рахна зананд. Онҳо дарк намекунанд, ки имрӯз Тоҷикистон шуҳрати ҷаҳонӣ дораду оламиён тоҷиконро мешунаванду ба гуфтаи тоҷикон амал мекунанд.
Онҳо рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон ба мисли чӯҷаи парончак буд онро бо мақсади маҳв сохтан ба нишон гирифтанд, вале тирашон хок хӯрд. Хираду маърифатпарварии тоҷикон аз болои ҷаҳолатпарастон зафар ёфт. Имрӯз дар Тоҷикистон миллатҳои гуногун озодона дар муҳити амну осоиш зиндагӣ мекунанд ва новобаста аз мазҳабу миллат Ватани худро дӯст медоранд ва намегузоранд, ки ҳар нохалафе амнияти онро халалдор созад. Ба қадри ин ободиву фаровонӣ расидан ва онро тақвият бахшидан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Мо бояд насли наврасро дар руҳияи ватанпарастӣ чунон тарбия намоем, ки онҳо ба қадри амну осоиш, давлат ва дастовардҳои таърихӣ бирасанд ва ба таблиғотҳои ғаразҷӯёнаи ҳарзагӯён гӯш надиҳанд.
Хонаи ободу номи неки тоҷик зинда бод
Тоҷи шуҳрат бар сари ӯ то абад поянда бод.
Тӯйчиева Садбарг, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз