БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад!

ВОКУНИШ. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм,  терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Яке аз проблемаҳои асосии тамоми давлатҳо ин таҳдидҳои гуруҳҳои террористию экстремистӣ маҳсуб мегардад, ки ҳама рӯза ин табақа афродони гумроҳгаштаю фосиқ боиси қатли 1000-ҳо насли ҷавони бегуноҳ гардида истодаанду, ҳамарӯза боз чандин нафар ҷавони камсаводу сустиродаро ба доми фиреби худ андохта шомил ба худашон гардонида истодаанд.

Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳони ба ҳисоб меравад таъсири ин мушкилот сол то сол бештар ба миллати тоҷик алалхусус ба ҷавонон расида истодааст, ки дар натиҷа боиси ашки модарону хоҳарон ва бародарони миллати тоҷик гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистоне, ки ба ташкилотҳои байналмилалии террористию экстремистӣ ҳамроҳ гардидаанду дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Покистон иштирок намуда истодаанд ҳудудан 1044 нафарро ташкил медиҳанд.

То имрӯз дар ҷомеа ҷавонони роҳгумзада пай       до мегарданд, ки  фирефтаи ҳавову ҳаваси зиёд гардида, имрӯз дар давлатҳои Ироқу Шом дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок доранд.Мо фаъолон ва аҳли зиёро зарураст, ки корҳоро дар ин самт ҷоннок намуда, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба пешгирии шомилгардии ҷавонони ноҳияро ба ташкилотҳои байналмилалии террористию экстремистӣ ва иштироки ғайриқонунии онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар пешгирӣ намоем.

Бояд таъкид намуд, ки масъалаҳои баргардонидани ҷавонон аз давлатҳои исломӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои ҷавонони тоҷик равона гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ барои ҷавонон, баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон дар арсаи байналмиалӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зиракию ҳушёрӣ тарбия намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, кӯшишу талоши аҳлона намоем, ки мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил дода шавад.

Дар охир бояд зикр намуд, ки дин сарчашмаи ғоявии пурқудрат барои расидан ба ҳар гуна аҳдоф аст. Дар аксари ҳолатҳо террорист аз дин моҳирона истифода бурда, шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳро ба доми фиребаш мекашад. Ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғини гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро гарданд.

 

Амина Султонова, узви Гурӯҳӣ вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg