
БОХТАР. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Суғуртаи вилоят» вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок дошта, иброз доштанд, ки мувофиқи нақшаи корӣ як қатор чорабиниву вохӯриҳо дар назар дошта шудааст. Яке аз онҳо амалигардонии Аксияи амалии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» мебошад. Мақсади асосии Аксияи ҳизбӣ расонидани кӯмак ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ободу зебо гардонидани маҳаллаҳои шаҳр мебошад.