БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқати мо ҷавонон баҳри сарсабзии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад!

ПАНҶ. БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан дар ташкилоти ибтидоии «Касбомўз»-и ЛКТ-51 бо ҷавонон ва омўзгорони ин даргоҳ вохўрӣ доир гардид.

Масъулон зимни баромадҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб- пешгирии ҷавонон аз хатари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо ибрози андеша намуданд.

Аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар идома Солиҳов Фирдавс – роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботи амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» ибрози андеша намуда, ҷавононро барои иҷрои амалҳои хайр, расонидани кумаки хайрияви ба маъбону ятимон даъват намуд.

Дар охир, иштирокчиёни вохўрӣ дастаxаъмона барои ободу зебо намудани гирду атрофи омўзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо шинондани навниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg