Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Хадафи мо фаъолон махкум сохтани падидаҳои терроризму экстеремизм аст!

ҶАЙҲУН. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабини Бекмамад Асалмамадов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки  терроризму ифротгаройиро маҳкум ва истиқлолияти давлатиро ҳифз бояд намоем.

Истиқлолият неъмати бузургест, ки миллат баъди ҳазорсолаҳо ба талоши фарзандони баору номуси худ Пешвои муаззами миллат дар садаи ХХ ба даст овард. Насли калонсол, солҳои аввали вазнину фоҷиабори замони Истиқлолияти давлатиро хуб дар ёд дорад ва ҳаргиз фаромeш нахоҳад кард.

Мақсади ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ноором кардани давлату миллат, гумроҳсозии ҷавонон, бераҳмиву қатлу куштор, найрангу фиреб ва ғайра мебошад. Шахсоне, ки ба ҳарфу ваъдаҳои онҳо бовар карда, фирефта мешаванд, ҷони худ ва ҳазороҳо мардуми бегуноҳро зери хатар мегузоранд.  

Дар доираи амалии Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» ташкилоти ибтидоии болозикр ба се нафар кудакони ятим сару либоси мактаби ва ашёи хониш кумак намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg