Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Аъзои ҲХДТ бояд намунаи ибрати дигарон бошад

ХОВАЛИНГ.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣдар ташкилоти ибтидоии “Даҳани шол”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дарСатторов Сайҷалол ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

 Аъзои ташкилот аз баромади Сайҷалол Сатторов  дар бораи сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои мубориза бар зидди он, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, зарурат ва аҳамияти риояи фарҳанг ва урфу одати  миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва дигар самтҳои мазкур маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдулманон Абдуалимов дар баромадаш қайд намуд, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва муборизаи абарқудратҳо мо, аъзои ҳизби авангардро зарур аст, ки ҳамеша омодаи мубориза ба падидаҳои номатлуби ҳаёт бошем. Аъзои ҲХДТ, аъзои ҳизбе, ки ба он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ менамояд, барои ҳар як шахс шараф аст. Аз ин рӯ, мо, аъзои ҳизб бо гуфтор ва рафтори худ бояд барои дигарон намунаи ибрат бошем.  

Дар қисмати дуюми чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” иштирокдорон ба шинонидани навниҳолон ва нарм намудани бехи дарахтон  машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg