БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осорхона муаррификунандаи таърихи миллат

ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии “Осорхона- мамнӯъгоҳи Ҷумҳуриявии Данғара” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст, Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи қонунҳои миллӣ, дастовардҳои таърихӣ ва замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшаваии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгароӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон иброз дошта шуд, ки дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи онҳо тақозои замон буд, ҳаст ва хоҳанд монд. Таърих ба сифати хотираи халқу миллат хизмат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg