БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулпарварӣ хоси мардуми бомаданият аст!

КУШОНИЁН. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо мақсади амалии Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ деҳаи «Орзу» - и ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.  

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат дошта  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстию хештаншиносӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад” .

 Баъдан Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, иштирокдорон дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тоза намудани гирду атрофи деҳа аз партову алафҳои бегона ва шинонидани зиёда аз 400 бех гулҳои рангоранги мавсимӣ саҳми худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg