БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танҳо меҳнат моро ба зиндагии арзанда мерасонад!

ПАНҶ. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии деҳоти “Озодагон” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия, Ҳошимов Тоҳир-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ ва Солиҳов Фирдавс мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Дар охир ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали намудани Аксияи тарғиботи-амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони ташкилоти ибтидои деҳоти “Озодагон” тасмим гирфтанд, ки як чорабинии ободониро роҳандозӣ намоянд.

Онҳо бо тоза кардани саҳни идора, нарм ва сафед кардани бехи дарахтон, шинондани ниҳолҳои сояафкан ва мевадиханда, тоза кардани ҷўйи обгузар ва баровардани партовҳо дар ин иқдом саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg