ЁВОН. БАХШИДА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Чанде қабл бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар мавзеъи сайёҳиву таърихии деҳаи Оби шифо вохӯрӣ баргузор гардид.
Мардуми деҳаи Оби шифо дар ин рӯз барои ободу зебо ва бунёду хуррам гардонидани мавзеъи сайёҳии деҳаи мазкур сарҷамъона ба ҳашар баромада, як гӯшаи диёри хешро обод намуданд.
Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро оид ба амалӣ намудани қонунҳои миллӣ, истиқболи сазовори 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебо намудани маҳали худ раҳнамоӣ намуданд.