Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Пешгирии бемориҳои сироятӣ аз табобати он беҳтару хубтар аст!

Ҷ.БАЛХӢ. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №4»-и ҷамоати деҳоти Навобод ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи вохӯриҳои ҳизбӣ, ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 вохӯрӣ доир шуд.

Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Нуруллоев Саъдулло иштирок дошта, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, сиёсати давлат дар соҳаи тибб, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон, мубориза бо терроризм ва экстремизм, зикр намуданд, ки соҳаи тандурустӣ махсусан дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар доираи амалии Аксияи тарғиботии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №4» дар якҷояги ба як нафар бемор кӯмаки молияви намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg