Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Пешрафту ободии Ватан ҳадафи асосии мост!

Ҷ.БАЛХӢ. БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ"-и маҳаллаи  Иттифоқи ҷамоати деҳоти Фрунзе бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Рустамов Урал, хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», фарорасии баҳори нозанин ва корҳои кишту кор дар заминҳои деҳот, саршавии бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирии “Маркази Миллии Тестӣ”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, истифодаи дӯрусти шабакаҳои интернет ва иттилооти суханронӣ намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ сокинони маҳалла ба тоза намудани роҳи байни маҳалла, ба тартиб даровардани ҷӯйборҳо, тоза намудани заҳбуру заҳкаш, саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg