БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рангу рӯйи марду номардон якест, солҳо бояд бигардӣ то бидонӣ мард кист!?

ВОКУНИШ. Дар шабакаи «Ютуб» муроҷиати Шарофиддин Гадоев узви «Паймони миллии Тоҷикистон» дар мавриди ҳодисаҳои Ворухи Исфараро тамошо кардему эҳсос кардем, ки ин асолатбохта ифротии равонист. Зеро дар ҳар баромад сари ҳар мушкилие, ки суҳбат кунад ҳатман баъди «таҳлил»-и сарсари зери ниқоби миллат  сари давлату ҳукумат ва аҳли хонаводаи роҳбари давлат зарба мезанад.

     Андеша намекунад, ки бо вуҷуди туҳмату буҳтон ва иғвогароиҳои зиёд пушти манитори дурбинҳо аз хориҷа ин нохалаф баъди бозгашт бахшида шуд. Вале  нохалафу хиёнаткор табиист, ки ҳеҷгоҳ ислоҳ намешавад.

    Андешаи ӯро дар мавриди Ворух то чанде тамошо мекардам ҳолати руҳиву равониам хаста мешуд. Дар баромади ӯ як шахси дур аз сиёсату эҳсосотиро дарёфтам. Вақте аз таърихи Тоҷикистон қисса мекард, гӯё ба ҷуз уву падари маънавиаш  Кабирӣ дигар касе  ҳавсалаи ба эътидол овардани вазъро дар ин минтақа надорад. Ӯ боре ҳам андеша намекунад, ки муддати зиёда аз 10 сол ҳаст, ки комиссияи босалоҳияти сатҳи ҳукуматӣ аз ҳар ду давлат дар ин масъала кору фаъолияти доранд.

   Дуруст аст, ки ҳодисаҳои охири Ворух барои мардуму миллат хеле дарднок аст. Зеро дар ин нофаҳмиҳо ҳамватанони бегуноҳи мо аз миён рафтанд. Вале масъаларо аз роҳи тавтеаю зурӣ ва гарданшахӣ наметавон мусби ҳаллу фасл кард.

   Ин табиати мухолифин аст, ки ҳар як бохту мушкилиро оварда сари ҳукумату давлати Тоҷикистон бор мекунанд. Аз давлатдориву давлатсозӣ дар Қирғизистон қисса кардан осон аст. Кишвари моро мухолифон чун Шарофиддин Гадоев ва дигарон пешрафта шудан намемонанд. Зеро фарзандони миллат дар дохили як давлат ба ҳам омада наметавонад, чӣ гила аз бегонагону ҳамсоягон!

    Табиати мухолифин ҳамон гуна ҳаст, ки аз ҳар як мушкилоти миллат ҳукуматситезӣ мекунанд. Мехоҳанд, ки боз бо давом додани хиёнаткорӣ ва шур андохтани мардуми Тоҷикистон ҷанги навро дар кишвар аланга диҳанд.

    Мушкилоти сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамагон медонанд, ки ба ҳукумати феъли ҳеҷ рабт надорад. Ҳама нофаҳмию даргириҳо натиҷаи хизматҳои  хирсонаи  собиқ давлати Шӯравист, ки ҷабри он имрӯз сари миллати мо бор шудааст.

Шарофиддин Гадоев барои кашида гирифтани заминҳои тоҷикнишин  мехоҳад, ки аз давлатҳои Афғонистону Чин, Ӯзбекистону  Қирғизистон кишвари мо дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид масъалагузорӣ намояд. Вале, ӯ якчизро нодида мегирад, ки баргардонидани сарзаминҳои таърихӣ кори саҳлу содда нест.

    Аниқтараш, аввал руҳияи ватандӯстии мардуми ин минтақаҳоро бояд омӯхт, фаҳмидан лозим аст, ки онҳо чӣ гуна мавқегирии сиёсӣ  доранд.

   Дидаву дониста худро миёну обу оташ партофтан камоли бехирадист. Шарофиддин Гадоев ва ӯ  баринҳо, ки фарзанди ҳамин диёранду назари мухолиф доранд, чӣ гуна метавон назари мардуми бо амри таърих ба дигар давлатҳо пайвастаро дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ фаҳмид!?

   Барои барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ мебояд бо ҳама буд, на аз дур санги маломат сӯи ҳамватанону ҳукумат партофтан.  

                                                           

  А. Асақолов- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин                           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg