КӮЛОБ. БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Чорбоғ-2 ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо кормандони масъул бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангию сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон Мунаввараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Самадзода Саёҳат иштирок доштанд.
Зимни суҳбат бо сокинон Самадзода Сайёҳат наврӯзи имсоларо ба ҳамаи ҷамъомадагон ва дар симои онҳо ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод гуфта, қайд кард, ки тибқи илми ситорашиносӣ ба нахуст – рӯзи офариниши баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.
Мунаввараи Бозоралӣ дар навбати худ иброз дошт, ки яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси худро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро низ аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.
Чорабинии наврӯзӣ бо иҷрои расму суннатҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.