Ш.ШОҲИН. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бахшида ба «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №24-и деҳаи Бобо- Носир дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси соҳибкорони саховатпеша, аъзои фаъоли ҲХДТ Назаров Љумъахон ва Абдулло Ҳабибулло чиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, 40 адад миз ва 80 адад курсӣ ба муассисаи номбурда тақдим карда шуд.
Дар саҳни муассисаи болозикр бошад, хатмкардагони ин боргоҳи илму ирфон бо харчи 2000 сомонӣ дар баландии 18 метр Парчами давлатиро парафшон намуданд.
Аз ин иқдоми чавонмардонаи шахсони ватандӯст хурду бузурги деҳа ба хушнуду сарфароз буда, иброз доштанд, ки чунин корҳои ободониву бунёдкориро бештар ба роҳ монанд