ХУРОСОН. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳё ва дастгирӣ» чорабинии Наврӯзи бо иштироки кӯдакони маюб, маюбони калонсол ва шахсони яккаву танҳо баргузор карда шуд.
Зимнан масъулин иштирокдорон бо Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфта, ба 34 нафар кӯдакони маюб ва 15 нафар шахсони маюбу яккаву танҳо туҳфаҳои идонаи наврӯзиро тақдим карданд.