ХОВАЛИНГ. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Дастгирии ятимону шахсони танҳо, беморонвадигар ниёзмандон дар арафаи ҷашну санаҳои фархунда барои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия анъанаи нек гардидааст.
Дар рӯзҳои ҷашнии байналмилалии Наврӯзи имсола ҳамин табақаи аҳолӣ аз дастгирии молию пулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бенасиб намонданд.
Кӯмакпулии Кумитаи иҷроияи ноҳияро беморони солҳо бистарӣ Шаҳлои Шодӣ, Зиёдамоҳ Давлатова ба як қаноатмандии бузург қабул намуда, аз сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.
Чунин кӯмакпулии Кумитаи иҷроия ба шахси яккаву танҳо ва дигар шахсони ниёзманд ҷамъ ба 9 нафар расонида шуд.