
ФАРХОР. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр-2”-и ҷамоати деҳоти Ватан аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони саховатманди деҳа Нуров Қурбоналӣ, Нуров Амиралӣ ва Наҷмидинов Элмурод ба ҷои маъракаҳои аъзодорӣ роҳҳои дохили деҳаро дар ҳаҷми 105 метри3 бо сангреза сангфарш намуда, пули деҳаро, ки солҳои зиёд таъмирталаб буд, азнавсозӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор Алиҷон Назаров иштирок дошта, сокинонро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию ободкорӣ, бахусус, саҳм доштан дар корҳои ободонии маҳали зист даъват кард. Ба ҳамаи ҷамъомадагон аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тақвимҳои кисагӣ бо акси Пешвои миллат тақдим карда шуд.