БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Деҳаи обод симои сокинони бомаърифати онро иникос мекунад!

ТЕМУРМАЛИК. БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи “Сайф Раҳимов”   вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин  атрофи  Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз маҷлиси КИМ ҲХДТ,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   ва  ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ  суханронӣ намуданд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлатов Худоёр  атрофи бинои маъмурӣ тозаю озода карда шуда,  ҷӯйбори обгузар ва  роҳи мошингардро тоза карданд .  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg