БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият ифодагари марому ормонҳои миллат

КӮЛОБ. БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ободу зебо гардида истодааст. Имрӯзҳо тамоми мардуми кишвар барои боз ҳам ободтару шукуфонтар гардидани диёри хеш тамоми нерӯи созандаи худро равона менамоянд.

Бо мақсади обод намудани симои деҳаи Анваробод сокинони деҳа дастаҷамъона зимни роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ду тарафи роҳ дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда шинониданд.

Илова бар ин, гирду атрофи оромгоҳи  деҳа таъмиру обод гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки сокинон тасмим доранд минбаъд роҳҳоро сангфарш намуда, бунгоҳи тиббии деҳаро таъмир ва рангу бор намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg