БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

ЛЕВАКАНТ. БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Устотоймас»- и ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои азнавсозии роҳҳои маҳалӣ ва дар ин самт ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва сокинон, дар якҷоягӣ бо муассисаи  нигоҳдории давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр, инчунин истиқоматкунандагон ба ҳашари умумӣ баромада, роҳи деҳаи мазкур ҳамвору сангфарш карда шуданд.

Зимнан, масъулин бо ҳашарчиён вохӯрда, дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ карда, қайд намуданд, ки корҳои ободониву созандагӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар охир сокинони деҳаи Устотоймаси ҷамоати деҳоти Ваҳдат  барои баргузории чунин як иқдоми неки созанда, ҳамвору сангфарш намудани роҳи деҳаи мазкур, изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg