БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти маъюбон ва шахсони яккаву танҳоро гирифтан масъулияти ҳар як инсони бошараф аст!

КУШОНИЁН. БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ” – и ноҳия, Гулов Шамсиддин дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 3  нафар маъюбон ва шахсони яккаву танҳо, Олимова Шаҳноза, Мақсуддинова Мадина ва Маҳмудова Фароғат маводи хӯрока ба маблағи 555 сомонӣ кӯмак карда шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашнҳои давлативу миллии дарпешистода дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои хайру сахоро бештар ба роҳ монда, ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва беморону барҷомондагон кӯмак расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg