БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмати Ватан-Модар барои ҷавонон муқаддас аст!

ҚУБОДИЁН. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Дар деҳаи Пакалаи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мояи ифтихор ва сарбаландист” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб ва дигар шахсони даъватӣ баргузор гардид.  

Нахуст  Шарифзода Маҳмадаюб  дар суханронии худ зикр намуд, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзи Ватан оғоз мегардад. Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳи он мебошад. Ҳар як ҷавони ба синни даъватӣ расида бояд донад, ки адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҷавонмарди банангу номус буда, барои хизмат дар қисмҳои низомӣ тамоми шароитҳои моддиву маишӣ фароҳам оварда шудааст. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg