КӮЛОБ. БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси ташилоти ибтидоӣ, директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниязӣ Акбар ва дигар меҳмонону омӯзгорон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Сараввал Ниязӣ Акбар ташрифи меҳмононро ба чорабинии мазкур хайрамақдам гуфта, иди баҳори хуҷастаро ба ҳама табрику муборак бод намуд. Баъдан сухани табрикотиро Ҳамидиён Орзу дод.
Зимнан Ҳамидиён Орзу баъд аз табрикоти пурмазмуни худ ба ҳозирин инчунин, аз таърихи Наврӯз ва пайдоиши ин иди баҳор сухан карда, иброз дошт, ки Наврӯз дар тӯли таърих умри беш аз панҷҳазор сола дошта, дар ин давраҳои таърихӣ ва марҳилаҳои давлатдории тоҷикон бо анъанаву суннатҳои хосса ҷашн гирифта мешуд. Хушбахтона, имрӯз боиси ифтихори ҳар яки мо аст, ки иди ниёгонамон, яъне Наврӯзи тоҷикон ҷаҳонӣ шуд, ки ин ҳама аз заҳмату кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар фарҷом барномаи консертӣ аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.