ДАНҒАРА. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Пайёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани одамон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, ташкили ҳашарҳо баҳри ободонии ноҳия ва муассиса, ташкили хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҷиҳати пешгирии аҳолӣ аз сироятёбӣ аз бемориҳои паҳншаванда ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханрони намуда, афзуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои хайру сахоро идома медиҳем.