ВОСЕЪ. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №4” вохȳрӣ доир гардид.
Дар ин вохȳрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза ва кормандони беморхонаи мазкур иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Сафарова Ӽафиза зикр кард, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза бо он дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мо ҳизбиён масъулем. Чун, ки дар шароити рӯзафзуни мураккаб гардидани авзои ҷомеа яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба саломатӣ ва генафонди миллат ин маводи мухаддир аст. Месазад қайд намоем, ки шахсоне, ки нашъа истеъмол мекунанд зиёде аз онҳо гирифтори бемории АНМО/ВНМО (ВИЧ/СПИД) ҳастанд.
Дар идомаи суӽбат роӽбари беморхона Давлатова Санавбар қайд кард, ки хусусан кормандони соҳаи тибб оид ба ин масоил бетараф набуда, дар ин росто пайваста бо мардум корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, барои паст кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ саҳми худро мегузорем.
Дар фарҷом дастаҷамъона заминӽои бекорхобидаи ташкилоти ибтидоиро шудгор карда,ба шинонидани дарахтони ӽамешасабзу мевадиӽанда ва гулӽои ӽамешабаӽор дар доираи Аксияи ӽизбии “Якҷоя ӽал мекунем!” машғул шуданд.