БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Идомаи корҳои хайру сахо дар доираи Аксияи ҳизбӣ

КӮЛОБ. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор” Абдулҳақов Абдулҳошим иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, дар баёни андеша Орзу Ҳамидиён қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистон, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастанд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаи таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мардуми соҳибистиқлоли мамлакат, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду  дар макотибҳои олии Ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд.

Дар қатори ин суханон масъулин  таъкид доштанд, ки ҷавонони бонангу номус бояд бо дасту дили гарм ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созанд, таърихи ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдат омадани миллатро бо ҳама бурду бохтҳояш, биомӯзад.

Дар фарҷом дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар собиқдори меҳнат маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg