Ш.ШОҲИН. ДАР РОСТОИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази хизматрасонӣ дар хона» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, Солҳои 2019-2021, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба мавзӯъҳои болозикр баромад намуда, ҳамагонро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсиву фарҳангии мардум, алалхусус ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ибрози андеша намуданд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Авазхони Мусофир ба музокира баромада, доир ба омодагиҳо ба ҷашнҳои дарпешистода мулоҳизаҳои худро баён дошт.