
КӮЛОБ. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ХУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар садҳо километр роҳҳо таъмиру азнавсозӣ шудаанд.
Сокинони деҳаи дурдасти Камари ҷамоати деҳоти Даҳана бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” тасмим гирифтанд, ки роҳҳои байни деҳаро сангфарш намоянд.
Дар ин рӯз сокинон бо рехтани санг роҳҳои байни деҳаро таъмиру ҳамвор намуданд, ки иқдоми мазкур минбаъд низ идома дода мешавад.