БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи урфу анъанаҳои миллӣ дар байни насли наврас

ҚУБОДИЁН. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён байни гулдухтарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳия озмуни ҳизбӣ  баргузор гардид.

Озмуни ҳизбӣ аз шартҳои омода намудани хӯроки миллӣ, дӯхти либоси миллӣ бо тарҳи замонавӣ, намоиши саҳначаҳои дорои хусусияти тарбиявӣ-ахлоқӣ, рақс, суруд дар васфи ситоиши  Ватан- Тоҷикистон ва оростани дастархони хоси миллати тоҷик иборат буда, ҳадаф аз баргузории озмун тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ дар байни ҷавонон аст.

Дар фароварди чорабинии мазкур барномаи рангини фарҳангии хонандагони синфҳои 11-и муассисаи мазкур табъи ҳозиринро болида намуда, ғолибони озмун бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён сарфароз гардонида шуданд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg