БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пос доштани Наврӯз рисолати муҳими миллист

ЁВОН. БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳо ва қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик аст, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.

Суннатҳои мардумии аҷдодони мо, ки дар таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ба тарбияи аҳли башар равона гардида, бо гузашти айём аҳамияти бештар касб мекунанд.

Яке аз сунатҳои Наврӯзи бостонӣ расонидани кӯмак ба маъюбону барҷомондагон, бепарасторону ятимон ва камбизоатон муҳтоҷон аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунзамам таъкид карда мешавад.

Бо ин мақсади бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгирии ташкилоти ибтидоии ҶСШК «Шабакаҳои барқии Ёвон» ва ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба маъюби гурӯҳи 1 Нигина Ҳусейнова дар арафаи ҷашни Наврӯз аробачаи маъюбӣ ва маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.

Нигина Ҳусейнова, ки солиёни зиёд ба аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дошт, кӯмаки навбатиро давоми сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, аз масъулин изҳори ташаккур намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg