ВАХШ. БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар амал татбиқи намудани қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Мискинобод» - и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод вохӯрӣ доир намуд.
Дар маҳаллаи Мискинобод бо тариқи ҳашар ва ҷалби соҳибкорони маҳалли сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ ба роҳ монда шуд, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.Зимни вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Одилҷон Маҳмадов бо шахсони масъул ва сохтмончиён суҳбат ороста, қайд кард, ки обод кардани Ватан аз гӯшаи имондорист, сохтмони мактаб ҳамчун садақаи ҷория ба ҳисоб рафта, ба онҳое, ки дар ин кори нек саҳми худро гузоштаанд ва гузошта истодаанд миннатдорӣ баён намуд.