БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«Паймони миллӣ» ҳамон наҳзати собиқ аст

ВОКУНИШ. Охири садаи гузашта ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълоншудаи наҳзати ислом дар ҳаёти халқи тоҷик нақшеро бозид, ки назираш дар ҷаҳон камшумул аст. Интихоб гаштани ин ном ва аз эътиқоди динии мардум кор гирифтани саркардагону таъсисдиҳандагони ин ҳизб бепоя набуд. Ин нақшае буд тарҳрезишуда ва нусхаи ҳодисаҳои дар баъзе мамолики шарқ ба вуҷуд омада. Имрӯз бо гузашти солҳо амиқан дарк менамоем, ки ин ҳизб бо кадом мақсад ва аз ҷониби кӣ таъсис ёфт. Вале солҳои мудҳиши 90-ум ба хаёли ҳеҷ тоҷику тоҷикистонӣ намеомад, ки кадом як гурӯҳи худхоҳу мансабталош ва дур аз фармудаҳои дини мубини Ислом ин дини покро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда, ба роҳи куфру хиёнат мераванд.

Ин буд, ки он солҳо ин нафарони курдилу бешуур тавонистанд қисме аз мардуми моро ба доми худ кашанд ва бо ин ба аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ доман зананд. Бо он табиати шайтоние, ки доштанд, тавонистанд халқи тоҷикро ба ду қисмат ҷудо созанд ва онҳоро ба ҷони ҳам дарафкананд. Нақшаву ҳадафашон ин буда, ки мардуми мусалмони ҳанафимазҳаби Тоҷикистонро аз мазҳаби хеш дур ва асири мазҳабу равияи бегонаи дурӯғини хоҷагони хеш гардонанд. Он қадар талоши давлату қудрат доштанд, ки қатлу куштори ҳаммиллатон барояшон ба кори оддӣ табдил ёфт. Рӯшанфикрону зиёиёне, ки мехостанд симои аслии ин ҳизбро ба мардум нишон диҳанд, аз ҷониби ин шайтонсиратон кофиру ҷоҳил эълон мешуданд. Дар таърихи халқи тоҷик он солҳо солҳои сиёҳтарину ғамбортарин ба шумор мераванд, ки то кунун захмҳояш дарднок аст. «Хонаи ҷангҷӯ сӯзад!» Ин суханонеанд, ки ҳар гоҳи ба ёд овардани он рӯзҳои мудҳиш аз забони модарони фарзандгумкарда садо медиҳад ва бозгӯйи алами аз даст додани ҷигарбандон ва эҳсоси нафрати бепоён доштан ба афроди иғвогару фитнаагез мебошад, ки амалҳои нопоки онҳо дар пай ҷангу хунрезиву вайронкорӣ меорад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар дуое таъсире дорад. Агар он дуо дуои бад бошаду аз забони  мазлуме садо диҳад, ба дер ё зуд мустаҷоб шудани он шакке нест. Ҳамон модарони фарзандгумкарда, кӯдакони бепадармонда ва занони бе пару бол монда низ аз ҷумлаи ҳамон мазлумонанд, ки оҳи онҳо низ асаре дорад.

Баъди гузашти солҳо ҳар гоҳ чун он рӯзҳои мудҳишро ба ёд меорам эҳсоси ногуфтание, ки фароям мегираду шукрона ба он Худои ягона мекунам, ки  ба халқи тоҷик дубора сулҳу ваҳдатро арзонӣ дошт. Ҳар гоҳ ба қисмати талхи мардуми афғону баъзе кишварҳои араб андеша мекунам, бори дигар шукрона мекунам, ки бо хостаи дили мардуми оддӣ шарри он нохалафони пастфитрат аз хоки ватани мо рӯфта шуд.

Онҳое, ки ин ҳизбро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон таъсис дода буданд, то як соли пеш ба самарабахшии барномаҳои дарнақшадоштаашон боварӣ доштанд. Вале дар охир тан доданд, ки дигар он найрангу дурӯғи онҳо ба мардуми тоҷик таъсире надорад ва беобрӯёна тасмиме гирифтанд ба тағйир додани номи худ, ки комилан ихтилофи «эътиқоду фаҳмиш»-и худи онҳост. Охир аз дасти онҳо боз чӣ меомад, дар ҳоле, ки мардуми одии тоҷик тамоми аъмоли онҳоро  хуб дарк намудааст ва намегузорад, ки ин шағолони шернамо бори дигар ватану миллати тоҷикро ба гумроҳӣ баранд. Мардуми шарафманди тоҷик имрӯзҳо дарк намудаанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ин маҳз ҳамон наҳзати касифест, ки сабабгори марги 150 ҳазор нафар ва гуреза шудани 1 млн нафар гардида буд.

Н. Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ

дар шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg