Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин дар деҳаи Ҷилгаи ҷамоати деҳоти Саричашма, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Вохӯрӣ фарогири мавзӯҳое буданд, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Инчунин, дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро вакили деҳаи болозикр Икромов Баҳодур ҳамроҳӣ карда, доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.