БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём меҳвари асосии некӯаҳволии мардум

ШАҲРИТУЗ. Дар Беморхонаи №3-и ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Беморхонаи №3 хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб  Шаропов Ҳомидҷон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон тибқи нақша дар Беморхонаи №3-и деҳаи Пахтаобод бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз муовини раис Ачилдиев Турдимурод бо  дастгирии сардухтури КАТС-и ноҳия Назаров Холёр ба шахсони маъюбу бепарастор ва собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ Табашаров Исои 98 сола кӯмаки яквақтаина расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg