![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20190318_092252.jpg?itok=R4-10Srg)
ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии «Ҷангал»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Саидзода Раҳмон дар назди ҷамъомадагон доир ба вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардиданд, сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту ободиву шукуфоии Ватан ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои бунёдкоронаи Роҳбари давлат ва расидан ба қадри заҳматҳои беназири Пешвои миллат даъват ба амал овард.
Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба ҳамагон фаҳмонида, даъват ба амал овард, ки он маблағҳое, ки дар тӯю маъракаҳо харҷ мекунанд,беҳтар мешуд дар ободии маҳали зисти худ хароҷот кунанд.