БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватан маъвои меҳр ва сарзамини аҷдодӣ

МӮЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии илмии Мӯъминобод» бо мақсади баланд бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ, сазовор истиқбол гирифтани  ҷашни  30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи  татбиқи  қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ  таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ  мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров  иштирок намуда, доир  ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо ташаббуси  раиси ташкилоти   ибтидоии  номбурда   Самадов   Абдурасул     замини назди  хоҷагӣ ва бехи дарахтон нарм карда  шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg