ПАНҶ. Бо сокинони маҳаллаи Сармантой-1-и ҷамоати деҳоти Озодагон оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳо афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрии судманд баргузор гардид. Ташаббускорон масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ буда, чорабинӣ тибқи ҷадвали вохўриҳо роҳандозӣ гардид.
Масъулин бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бо пешниҳоди Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муфассал суҳбат намуданд.
Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоии Бўстони маҳаллаи Сармантой-1 Ҳоҷиев Абдувоҳид иброз дошт, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, барои иҷрои нуқтаҳои он сокинони маҳалро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ сафарбар менамояд. Худи ҳамин рўз иштирокдорон дастаҷаъмона бо тоза кардани канали калони маркази маҳалла машғул шуданд.