БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврӯз шиносномаи фарҳангу маънавиёти ниёгон аст

ЛЕВАКАНТ. Дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таълимии №4 деҳаи Тоҷирони ҷамоати деҳоти Гулистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур «Нақши зани тоҷик дар таҳкими анъанаҳои наврӯзӣ» унвон дошта, бо риояи анъанаву суннатҳои наврӯзӣ, оростани ҳатсину ҳафтшин,  таомҳои миллӣ ҳамчун рамзи баҳор, афрӯхтани оташ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фароғат Назарова ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок дошта, изҳор карданд, ки дар дарозои таърих аҷнабиён борҳо хостанд, Наврӯзро ба нестӣ баранд, вале маҳз хусусиятҳои инсонпарварона доштани Наврӯзро дарк карда, онро қабул намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg