ҚУБОДИЁН.Чун анъана дар арафаи ҷашнҳои давлативу идҳои миллӣ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии оилаҳои ниёзманди ҷомеа, бепарасторон, кӯдакони мактаб – парваришгоҳҳо, хонаҳои кӯдакон ба ҳукми анъана даромада, шахсони саховатманд кӯшиш менамоянд, ки ба табақаҳои ниёхманди ҷомеа кӯмаку дастгириҳои хешро дареғ надоранд.
Ин навбат бо ибтикори раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “К.Д.Ф” (Корхонаи фаръии давлатии бақайдгирии молумулки ғайриманқул) ва “Заркамар” ба ду нафар ятимони кулл халтачаҳои наврӯзӣ ва кӯмаки молиявӣ ба маблағи 300 сомонӣ расонида шуд.