БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврӯз реша дар таъриху тамаддуни ниёгон дорад

КУШОНИЁН. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб Наврӯзи байналмилалиро дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Киров»-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён бо шукўҳу шаҳомати хос ва риояи русуму анъанаҳои ин ҷашни бостонӣ таҷлил намуданд.

Ба ин муносибат дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 – ноҳия чорабинии адабиву фарҳангӣ доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ширкат варзиданд.

Зимнан масъулин Наврўзро яке аз муборактарин ҷашнҳои миллӣ арзёбӣ карда, кулли аъзову ҷонибдорони ҲХДТ-ро бо Наврўзи хуҷастапай, ки ба диёри мо файзу нишот, баракату фаровониҳо меоварад, шодбош гуфтанд. Ҳамзамон фаъолияти босамари роҳбари муассиса ба инобат гирифта шуда, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Чорабинии наврӯзӣ дар ташкилоти номбурда бо шодмониву шукргузории беандоза аз даврони сулҳу осоишта ва шукӯҳу шаҳомати бепоён хотима ёфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg